Генерал: Беш аз 40%-и ҷавонони Хуҷанд худро "негодный” кардаанд (САДО)
Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии Суғд, ҳангоми мулоқоташ бо фаъолони Хуҷанд гуфт, теъдоди даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ дар ин шаҳр хеле кам буда, беш аз 40%-и ҷавонон худро ҳамчун бемор ё “негодный” сабт кардаанд.
Оқои Назаров, ки дар ин бора дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқи Шералии шаҳри Хуҷанд суҳбат мекард, афзуд, “магар беҳтар нест, дар шароити кунунӣ ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, хидмати Модар-Ватанро адо намоянд? Имрӯз қариб 42%-и ҷавонони шаҳри Хуҷандро волидонашон гирифта, ба касалӣ баровардаанд”.
САДОИ ШАРИФ НАЗАРОВ
Дар мулоқот бо Шариф Назаров раисони кумитаи маҳаллаҳо, шӯрои занон, ходимони дин, раҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёна ва олии Хуҷанд ҳузур доштанд. Сардори Раёсати умури дохилии Суғд дар ин мулоқоташ дар бораи содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии амалҳои террористӣ аз ҷониби тундгароён, ба ҳар гуна равияҳо шомил шудани ҷавонон ва аз тарбият дур монади онҳо низ ҳарф зад.
Ёдрас мекунем, дар зарфи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 1281 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20%, ё худ 231 ҳолат, зиёдтар мебошад.