Мунтахаби футзали Тоҷикистон баъди ду рӯз ба Ветнам меравад
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал зери раҳбарии Дамир Камолиддинов рӯзи душанбеи 28 апрел ҷиҳати ширкат дар қисмати финалии чемпионати Осиё ба Ветнам парвоз мекунад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 19 нафар иборат буда, тавассути Алмаато ба шаҳри Хошимин мераванд.
Барои мусобиқаи Осиё-2014, ки аз 30 апрел то 10 май баргузор мешавад, Дамир Камолиддинов 14 бозигарро бо шумули 5 намояндаи “футболи калон” -- Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров (ҳарду аз “Истиқлол”), Самад Шоҳзуҳуров, Орзу Додхудоев (аз “Парвоз”) ва Алишер Улмасов (“Хайр”) баргузидааст.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии аввали худро дар мусобиқаи Ветнам 30 апрел бо яккачини Қуввайт анҷом медиҳад. Дар даври дуюм бошад, 2 май футзалбозҳои тоҷик бо соҳибони майдон – мунтахаби Ветнам ба майдон мебароянд. Дар анҷоми даври гуруҳӣ, 4 май рақиби онҳо тими миллии футзали Ироқ хоҳад буд. Дар сурати аз гуруҳ баромадан, мунтахаби Тоҷикистон дар чорякфинал бо яке аз дастаҳои гуруҳи “В” - Эрон, Австралия, Хитой ё Индонезия бозӣ мекунад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал:
Дарвозабонҳо: Миралӣ Шарипов (“Бонки миллӣ”), Муродулло Алиқулов (“Газпром”), Шуҳрат Бибудов (“Амонатбонк”);
Бозигарон: Шерзод Ҷумаев, Мансур Мамадбобоев (“Бонки миллӣ”), Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров (“Истиқлол”), Алишер Улмасов (“Хайр”), Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров (“Парвоз”), Арсен Фармонбеков, Шавкат Ҳалимов (“Роял Паб”), Дилшод Саломов (ДСТР), Далер Ақназаров (“Динамо”).
Тақвими бозиҳо
Гуруҳи “А”: Ветнам, Қувейт, ТОҶИКИСТОН, Ироқ.
Гуруҳи “В”: Эрон, Австралия, Чин, Индонезия.
Гуруҳи “С”: Тайланд, Лубнон, Тайбэйи Чин, Малайзия.
Гуруҳи “D”: Ҷопон, Узбакистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Даври 1
30 апрел (чоршанбе) (бо вақти Тоҷикистон)
14:00 – Қувейт – ТОҶИКИСТОН
14:00 – Эрон – Индонезия
17:00 – Ветнам – Ироқ
17:00 – Австралия – Чин
1 май (панҷшанбе)
14:00 – Тайланд – Малайзия
14:00 – Ҷопон – Кореяи Ҷанубӣ
16:30 – Лубнон –Тайбэйи Чин
16:30 – Қирғизистон – Узбакистон
Даври 2
2 май (ҷумъа)
14:00 – Ироқ – Қувейт
14:00 – Индонезия – Австралия
16:30 – ТОҶИКИСТОН – Ветнам
16:30 – Чин – Эрон
3 май (шанбе)
14:00 – Малайзия – Лубнон
14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Қирғизистон
16:30 – Тайбэйи Чин – Тайланд
16:30 – Узбакистон – Ҷопон
Даври 3
4 май (якшанбе)
14:00 – Эрон – Австралия
14:00 – Чин – Индонезия
16:30 – Ветнам – Қувейт
16:30 – ТОҶИКИСТОН – Ироқ
5 май (душанбе)
14:00 – Тайланд – Лубнон
14:00 – Тайбэйи Чин – Малайзия
16:30 – Ҷопон – Қирғизистон
16:30 – Узбакистон –Кореяи Ҷанубӣ
Чорякфинал
7 май (чоршанбе)
13:30 – 1 “А” - 2 “В”
13:30 – 1 “С” - 2 “D”
16:30 – 1 “В” - 2 “А”
16:30 – 1 “D” - 2 “С”
Нимфинал
8 май (панҷшанбе)
13:30 – 1 “А”/2 “В” - 1 “С”/2 “D”
16:30 – 1 “В”/2 “А” - 1 “D”/2 “С”
10 май (шанбе)
14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
17:00 – ФИНАЛ