Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати райиси вилоят Қоҳир Расулзода иҷлосияи VI – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилоят дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакилон 59 нафар иштирок доштанд. Нахуст аз рӯи масъалаи аввал муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов оид ба вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо оид ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб суханронӣ кард. Пас аз ин, Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки бояд корҳои идеологӣ дар вилоят, бахусус дар ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаву кӯчаҳо ҷоннок карда шуда, эътибор ба кадрҳои марбутаи соҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин, райиси вилоят фаъолияти вакилонро дар ин самт суст арзёбӣ намуд.Пурсиши афкори омма баёнгар аст, ки аксари мардум вакилони худро хуб намешиносанд. Бояд, ки робитаи вакилону роҳбарон бо мардум дар заминаҳои ҳамгироӣ ва рафоқат ба роҳ монда шуда, ба ҳалли масоили иҷтимоӣ мусоидат намояд, - таъкид дошт Қоҳир Расулзода.
Манбаъ афзуд, аз рӯи масъалаи дуюм А.Қ.Бобоев - раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ахборот дод. Дар иҷлосия вакилон ҳамчунин қарорҳои дахлдорро оид ба «Барномаи рушди соҳибкорӣ», номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати вилояти Суғд», буҷети иловагии вилоятӣ ва як қатор қарорҳои раиси вилоятро тасдиқ намуданд.{jathumbnail off}