Радиову ТВ муваззаф шудаанд, дар таҷҳизоти худ маводи тарканда гузоранд
Мақомоти Узбакистон ширкатҳои телевизион ва радиоро муваззаф кардааст, ба таҷзиҳоти худ маводи тарканда гузоранд, то дар ҳолати вазъи фавқуллода ва ё мудохилаи низомӣ онро тарконанд. Дар ин бора бахши англисии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар Тошканд хабар додааст.
Гуфта мешавад, кабинаи вазирони Узбакистон баъд аз ҳаводиси шарқи Украина, ки эътирозгарони рус марказҳои радиошунавониро ба ихтиёр гирифтанд, ба чунин кор иқдом кардаанд. “Ҳукумат ба раҳбарияти телевизион ва радиоҳои Узбакистон феҳрасти иншоотеро, ки дар навбати аввал бояд дар онҳо маводи мунфаҷир насб шавад, ирсол кардааст”,-хабар медиҳад манбаъ.
Низоми маҳвкунанда дар ҳамаи ин иншоот на дертар аз 14 май бояд насб гардад. Дастрасӣ ба онро танҳо теъдоди маҳдуди одамон дошта, амали онҳо зери назорати Хадамоти амнияти Узбакистон хоҳад буд. Ҳамчунин тибқи қоидаҳои нав ба ҳайати муҳофизони ВАО ду корманди ВКД шомил гардида, раванди ба хориҷа рафтани журналистон душвортар мешавад.