“Габала”-и Давронҷон Эргашев ба финали Ҷоми Озарбойҷон роҳ ёфт
Клуби “Габала”, ки ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол Давронҷон Эргашев ҳам дар он бозӣ мекунад, ба финали Ҷоми Озарбойҷон роҳхат гирифт.
“Габала” зери раҳбарии мураббии шоистаи Тоҷикистон -- Юрий Семин бозии ҷавобии даври ниманиҳойияш бо “Хазар-Лянкаран”-ро 1:1 кард. Дидори аввали ин ду тим 3:0 ба фоидаи “Габала” анҷом ёфта буд.
Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ҳам дар ҳар ду дидор дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад.
Даври финалии Ҷоми Озарбойҷон 22 май баргузор мешавад. “Габала” бо тими “Нефтчи” қувваозмоӣ хоҳад кард.