Барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар компютер
Дар Тоҷикистон барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ муаррифӣ мешавад. Расми муаррифии барномаи мазкур дар Хуҷанд (Донишкадаи политехникӣ, 26 апрел) ва Душанбе (Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, 2 май) сурат хоҳад пазируфт.
Тарҳи “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org”-ро созмони “Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов” рӯи даст гирифта, Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди мадад ё Фонди Сорос дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ин лоиҳаро барномасозони ватанӣ омода намудаанд. Муаллифони лоиҳа дар асоси маводи омӯхташудаи грамматикаи забони тоҷикӣ модели математикиро тартиб дода, алгоритми барномаи тафтиши орфографияи забони тоҷикиро сохтаанд. Тартиб додани комплекси барномаҳои тафтиши дурусти тарзи навишти матн боиси тезонидани суръати компютеризатсия ва раванди омӯзиши барномаҳои озод ва кушодасос дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ имконият медиҳад хатои имлоии ҳангоми ҳуруфчинии матн содиркардашуда инъикос гарданд ва муодили онҳо пешниҳод шаванд. Дар муаррифӣ маълумот оид ба дастовардҳои лоиҳаи мазкур ва барномаи тафтиши имлои забони тоҷикӣ пешниҳод мешавад.