Лағви узвияти сиёсатмадори бритониёӣ барои таҳқири Ислом ва Муҳаммад (с)
Андре Лэмпитт, аъзои Ҳизби мустақилияти Шоҳигарии муттаҳида (UKIP) барои таҳқири Ислом ва Паёмбари мусалмонон ба интиқодҳои шадид рӯбарӯ шудааст.
Лэмпитт дар як навори видеоӣ ба мавзӯи муҳоҷират дахл намудаву мегӯяд, муҳоҷирон тамоми ҷойҳои корӣ дар бахши сохтмонро ишғол кардаанд. Ин сиёсатмадор дар саҳифаи Twitter-аш ба дини Ислом ҳам дахл кардаву он ва расули Худоро таҳқир намудааст. “Ислом созмони хатарнок аст, ки пайравонаш ба паёмбари педофил эҳтиром қоиланд”,- хабар медиҳад The Daily Mail.
Ба ҷуз ин, ӯ изҳор дошта, ки “бештари нигерҳо одамони баданд” ва тавсия дода, ки “Африқоро барои африқоиҳо бигузоред ва бигзор онҳо якдигарро бикушанд”.
Бо гузашти як шабонарӯз UKIP узвияти Лэмпиттро бекор кардааст. Манбаъ менависад, бо эҳтимоли қавӣ созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ аз номи ҷамъиятҳои мусалмонон сиёсатмадорро ба додгоҳ мекашанд.