"Шпаргалка" барои амри маъруфи имомхатибон нашр шуд
Китоби “маъизаҳо”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз чоп баромад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Кумитаи дин ба “Озодагон” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин китоб дар мувофиқа бо Маркази исломии Тоҷикистон таҳия ва ба табъ расидааст. Кумитаи дин мегӯяд, ҳадаф аз таҳия ва чопи ин китоб дастгирӣ ва ёрии имомхатибон дар интихоби мавзӯи маъизаҳои худ дар масоҷид ва хутбаи намози ҷумъа мебошад.
Ин китоби иборат аз 400-саҳифагӣ, ки бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст, шомили 50 мавъиза дар мавзӯъҳои диниву ахлоқӣ, эҳсону накӯкорӣ ва дигар аҳкоми дини мубини Ислом мебошаду ба таври ройгон ба имомхатибон тақсим хоҳад шуд.