Фаъол шудани телевизиони “Кимиё”-и Сайидюнуси Истаравшанӣ
Торнамои “Кимиёи саодат”, ки марбут ба Сайидюнуси Истаравшанист, телевизиони интернетии “Кимиё ТВ”-ро роҳандозӣ кардааст.
Тибқи иттилои “Кимиёи саодат”, пойгоҳи интернетии “Кимиё ТВ” аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ карда, ҳадаф аз таъсиси он ҳифзу муроқабати манофеи миллӣ ва мардум арзёбӣ мешавад. Масъулини ин пойгоҳ гуфтаанд, “омадаем, то аз ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон барои фардо ва фардоҳо ҳиросат кунем, посдошти фарҳанги дароздомани ҷомеа дар пешонии фаъолиятҳои мо қарор дорад.”
“Кимиёи саодат” мегӯяд, дар ин пойгоҳ қисмати махсусе низ бо номи “Бахши Мардум” ҷудо карда шудааст, ки хоҳишмандон ва корбарон метавонанд, барномаҳои видеоии таҳиякардаи худро дар мавзӯъҳои мухталифи доғи рӯз ҷой диҳанд.