Гуфтугӯи Бердимуҳаммадов бо Абдураҳими Ашӯр, сафири собиқ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ахиран Абдураҳими Ашӯр -- сафири ҳоло собиқи Тоҷикистон дар Ашқободро ба ҳузур пазируфтааст.
Оқои Бердимуҳаммадов гуфтааст, дар тӯли солҳои охир равобити Душанбеву Ашқобод ба марҳилаи нав ворид шуд ва афзудааст, “мавқеи ягонаи ҷонибҳо дар масоили муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ин муносибатро боз ҳам қавитар хоҳад кард.”
Абдураҳими Ашӯр, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон, тайи панҷ соли охир ба ҳайси сафири кишвар дар Ашқобод кор мекард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба далели ба нафақа баромаданаш Абдураҳими Ашӯр аз мақомаш барканор гардида, ҷои худро ба Маҳмудҷон Собиров, собиқ муовини аввали вазири умури хориҷӣ додааст.
Собиров 7 майи соли 1951 ба дунё омада, рутбаи дипломатии сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.