Шаҳбол, сарбози маъюб, 28 апрел барои табобат ба Русия меравад
Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ барои табобат ба яке аз бемористонҳои ҳарбии Русия, воқеъ дар Красногорск, меравад. Падари Шаҳбол дар тамос бо “Озодагон” гуфт, ҳоло барои сафарашон билети ҳавопайморо гирифта, тамоми ҳуҷҷатҳоро омода мекунад.
Нуъмон Мирзоев афзуд, аз ҳисоби худ барои сафарашон се билет харидааст, ки қиматаш беш аз 6 ҳазор сомонӣ мебошад. Ба қавли ӯ, то кунун барои табобати писари маъюбаш, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ аз сӯи фелдшер Усмон Ғайратов гарданаш шикаста ва сутунмуҳрааш осеб дидааст, масъулони нерӯҳои марзбонии кишвар кумак накардаанд. “Як заминамро дар Ашт фурӯхта, бо ёрии дӯстону наздикон Шаҳболро барои табобат мебарам”,-афзуд Мирзоев.
Вай дар ин сӯҳбат ба онҳое, ки аз аҳволашон пурсида, заррае ҳам бошад ёрӣ кардаанд, изҳори сипос намуд. Мирзоев гуфт, дар ҳисоби бонкии Шаҳбол дар “Агроинвестбонк” низ афроди гуногун тақрибан сесад доллар гузоштаанд. Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, вазъи Шаҳболро хуб арзёбӣ карда гуфта буд, “12 мутахассис Шаҳболро муоина карданду ба қавли эшон, ҷойи шикастаи сутунмуҳраи ӯ дубора пайваст шудааст.” Ин дар ҳолест, ки мутахассисони беморхонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе, ки бо номи “бемористони эрониҳо” маъруф аст, вазъияти Шаҳбол Мирзоевро вахим арзёбӣ карда, гуфтаанд, ҳатто баъд аз ҷарроҳии аввалия низ ба по хестани ӯ имкон надорад.
Онҳо мегӯянд, "ин ҷарроҳӣ бояд бо ҳадафи пешгирӣ аз аворизи мухталиф, ки ҷароҳати бардоштаи бемор дар ноҳияи гардан метавонад дошта бошад, анҷом дода шавад. Чунин тасаввур, ки бемор баъд аз ин ҷарроҳӣ дафъатан ба по мехезад ва ба зиндагии фаъол бармегардад, дуруст нест.”