Баҳси картошка, ҳисоботи бардурӯғ ва “срок”-и раисони шаҳру навоҳӣ
Дар пайи болоравии ногаҳонии нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, аз тамоми раисони шаҳру навоҳӣ афзоиш додани майдони кишти ин зироатро талаб кардааст. Ӯ дар ҷаласаи корие, ки 23 апрел бо ҳузури аъзои ҳукумат ва раисони вилояту шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд, хостааст, аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.
Баҳси картошка ва таъкиди раисиҷумҳур ба ҳисобтдиҳии бардурӯғу изофанависӣ дар ҳолест, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад ва Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид.
Ҳоло нархи як кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон аз чор то чоруним сомонӣ арзиш дорад ва тоҷирон мегӯянд, болоравии нархи ин навъи маҳсулот ба коҳиши воридоти он аз Покистон рабт дорад.
Дар идомаи ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи офати табиии пешомада дар бархе навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ ва Ҳамадонӣ дахл карда, барои бартарафсозии оқибатҳои он дастур додааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо то 10 майи соли ҷорӣ муҳлат додааст, то барои навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ҳисобот пешниҳод карда, нақшаи бунёди боғҳоро низ дар дастуркори худ қарор диҳанд.