Дастури додситонӣ барои бастани “Пайк”-и Аҳмади Иброҳим
Фаъолияти ҳафтаномаи “Пайк” – ягона нашрияи мустақили Хатлон бо дастури додситонии вилоят қатъ карда шудааст. Масъулони додситонӣ фаъолияти ин нашрияро дар сари вақт тамдид нашудани муҳлати кории он арзёбӣ менамоянд.
Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири нашрия, 23 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, дар пайи қарори додситонӣ онҳо натавонистанд, ҳафтаи ҷорӣ “Пайк”-ро рӯи чоп оранд. Нахустин шумораи ҳафтаномаи “Пайк” моҳи июли соли гузашта баъд аз расман номнавис шудан дар Вазорати фарҳанг дастраси хонандагонаш гардид.
Аҳмади Иброҳим мегӯяд, масъулини Вазорати фарҳанг дар аввал танҳо барои 5 моҳ нашрияи онҳоро ба қайд гирифта, гуфтаанд, баъдан тамдид хоҳанд кард, вале бо гузашти вақт дубора тамдид нашудааст. Қарори манъи фаъолияти ҳафтаномаи “Пайк” дар ҳоле содир шудааст, ки массисини он ба қавли Аҳмад Иброҳим борҳо барои навиштани маводи танқидӣ дар бораи камбудҳои мансабдорони болоӣ ҳушдор гирифта буданд.
Ӯ мегӯяд, ҳоло онҳо интизори ҷавоби расмии Вазорати фарҳанг дар бораи дубора тамдид намудани муҳлати кории он буда, дар сурати ҷавоби манфӣ гирифтан, мустақим ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.