ВИДЕО: Назари мухолифону ҷонибдорони Раҳмон... баъд аз паём
Ҳумайрои БАХТИЁР
Намояндагони аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон мегӯянд, дар паёми имсолаи раисиҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ ҳарфи тозаеро нашунидаанд.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва ваикли парлумони Тоҷикистон, гуфт, паёми рӯзи 23 апрели Эмомалӣ Раҳмон аз паёмҳои қаблияш аслан тафовут надошт. Ӯ мегӯяд, вақте як шахс такрор ба такрор паём мефиристад, ҳатман услуби баён ва барномарезии он шабеҳ хоҳад буд.
Муовини раиси ҲНИТ бо ишора ба сарфи назар шудани масоили ҳизбҳову ҳаракатҳо аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Дар паёмҳои қаблӣ ҳатман ишора ба ин мавзӯъ мекард. Аммо мо дидем, ки он мавриди амал қарор намегирад. Барои мисол, Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи паёмҳо аз баргузории як интихоботи шаффоф мегуфт. Аммо шояд дид, ки суханҳояш мавриди амал қарор намегиранд, ин дафъа аслан ҳарфе нагуфт.”
Аммо Ҷумъахон Давлатов, намояндаи раисҷумҳур дар парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар паёми навбатии худ Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баррасӣ намудааст. Ба гуфтаи номбурда, дар ин паём оқои Раҳмон бисёр рақамҳоро барои таҳлил низ пешниҳод намудааст: “Фаъолияти ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли гузашта ҷамъбаст ва барои 7 соли оянда муаяйн карда шуд. Нуктаҳои ҷолиб дар мавриди фаъолияти минбаъдаи парлумон, қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии мубориза бо ҷиноятҳо гуфта шуд.”
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аз ҳарфҳои раисиҷумҳур дар мавриди роҳ кушодан барои ҷавонон ва тарбияи онҳо истиқбол кард. Ӯ гуфт, “айни замон донишу қудрати ҷавонон истифода мешавад ва мо дар ин раванд метавонем ба муваффақиятҳои бештар ноил гардем.”
Рустам Латипов, раиси ноҳияи Восеъ, ишораи расиҷумҳур дар мавриди таҳияи қонун дар бораи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистонро яке аз нуктаи муҳимтарини паёми соли 2014 арзёбӣ намуд. Латипов мегӯяд, “бояд мо чунин қонуне дошта бошем, ки ҳангоми шомил шудани Тоҷикистон ба ин ё он созмон ва ҳангоми имзои санадҳои байналмилалӣ манфиати кишвар дар мадди аввал бошад.”