Ду CD-и оҳангҳои Зиёдулло Шаҳидӣ дар остонаи садсолагияш
Дар остонаи ҷашни садсолагии Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ду СиДии оҳангҳояш омода хоҳад шуд. Толиб Шаҳидӣ, писари Зиёдулло Шаҳидӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ин оҳангҳоро бештар ҳунармандони маъруфи Русия иҷро кардаанд.
“Дақиқ намедонам, маъаракаи асосии ҷашн дар куҷо ва чигуна баргузор хоҳад шуд. Аммо хонаводаи мо тасмим гирифт, ду сидии ӯро, ки шомили оҳангҳои эҷодкардааш аст, омода намояд. Ин дискҳо ҳатман дастраси мухлисон мешаванд”,-гуфт ӯ. Толиб Шаҳидӣ Ӯ дар идома афзуд, инчунин, дар робита ба ҷашни Зиёдулло Шаҳидӣ якчанд консертҳо дар Душанбеву Маскав ва Лондон баргузор хоҳанд кард.
Садсолагии оқои Шаҳидӣ дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон ва қарори ЮНЕСКО дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мешавад. Зиёдулло Шаҳидӣ соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли соли 1940 дар студияи эҷодии назди Иттифоқи композиторон таҳсил мекунад. Операи “Комде ва Мадан” (1959) яке аз асарҳои бузурги мусиқии саҳнавии Шаҳидӣ дониста мешавад. Ӯ соли 1985 даргузаштааст.