Муроҷиат ба Ислом Каримов: Шумо орзуҳои моро дуздидед (ВИДЕО)
Дар интернет навори муроҷиати як шаҳрванди Узбакистон ба президент Ислом Каримов дар “сайр” аст.
Ин нафар худро Фурқат Раҳматуллоев, шаҳрванди Узбакистон муаррифӣ намуда, дар навори 12 дақиқаӣ мегӯяд, аъзои ҳеч ҳизби сиёсӣ нест ва муроҷиаташ танҳо мавқеи шаҳрвандии ӯст.
Вай меафзояд, баъди суқути Шӯравӣ орзуи бунёди кишвари бузургро доштанд, аммо Ислом Каримов давоми 23 соли раҳбарӣ ин орзуи онҳоро рабуд. Ба гуфтаи ӯ, кишвар дар бунбасти иқтисодӣ гирифтор асту корхонаҳо фаъол нестанд. Коррупсия ҳама ҷоро фаро гирифтааст аз сатҳи поён то вазирон: “Шумо ҳокимияте сохтаед, ки ҳатто имкони назорати тобеони наздики худро надоред, чӣ расад ба сатҳи поёнтар. Мансабҳо хариду фурӯш мешаванд. Ҳамаи ҳизбҳо кисагиянд. Сарқонун бозичае дар дасти шумо аст. Чӣ тавре хоҳед ва ҳар вақте хоҳед онро тағир медиҳед”.
Вай дар идома илова мекунад, ки “Ислом Абдуғаниевич, моро фарзандони худ гуфтед, аммо ҳоло писаронатон барои пешбурди зиндагӣ дар тамоми ҷаҳон муҳоҷиранду духтаронатон ба танфурӯшӣ машғул”.