Паёми Эмомалӣ Раҳмон: “Натарсем, ки... фардо ҷавонон ҷои моро мегиранд” (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 апрел, ҳангоми ироаи паёми солонааш ба аъзои Маҷлиси Олӣ, гуфт, ҳафтод дарсади аҳолии кишвар ҷавононанд ва онҳоро бояд тарбия кард, на танқид.
Оқои Раҳмон афзуд, “бояд ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия кунем. Ин хоку буму давлати мову Шумост.” Вай дар хитоб ба мақомдорон гуфт, “Шумо бояд идора кунеду обод. Онҳо ин масъулиятро ҳис кунанд. Натарсем, наҳаросем, ки пагоҳ ҷои мову Шуморо мегиранд. Баръакс, онҳо ояндаи моянд.”
МАКТАБИ ОЛИИ КУМИТАИ АМНИЯТ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ин суханҳояш иттилоъ дод, ки соли оянда дар кишвар мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташкил хоҳад шуд. "Ин барои он аст, то тавонем кадрхои худро дар дохили мамлакат тарбия кунем, ҳам амниятӣ ва ҳам умури дохилӣ",-гуфт ӯ.
ПУЛИ ТЕЛЕФОНУ МОШИН
Ироаи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси Олӣ, ки иборат аз Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллист, дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе, идома дорад. Ӯ дар оғози паёмаш дар бораи харҷи зиёди сокинон барои гуфтугӯҳои телефонӣ ва харидории мошинҳои сабукрав сӯҳбат карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват намуд. Ӯ гуфт, фақат дар соли гузашта сокинони кишвар барои сӯҳбатҳои телефонияшон 1,7 миллиард сомонӣ харҷ карда, ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ мошинҳои сабукрав харидаанд.
Дар идома раисиҷумҳур барои афзоиши масолеҳи сохтмонӣ ва ангишт дар дохили кишвар низ таъкид карда, аз мақомот барои иҷрояшон супориш дод. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло бо ҷалби 130 миллион доллар аз Бонки осиёии рушд корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар куллия нерӯгоҳҳои кишвар ҷараён дорад. Вай афзуд, танҳо барои нерӯгоҳи Норак 500 миллион сомонӣ, баробар ба 100 миллион доллар, харҷ кардаанд.