Раҳмонов: "Иринка" пӯшидани донишҷӯдухтарон аз рӯи ахлоқ нест
Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, талаби онҳо дар мавриди сарулибоси донишомӯзон бар асоси оиннома сурат мегирад. “Ин ҷо марказ аст ва бояд духтароне, ки аз деҳот меоянд, бар иловаи дониш андӯхтан боз ба сарулибоси худ аҳамият диҳанд. Бо “иринка” ба донишгоҳ омадан аз рӯи ахлоқ нест”,-таъкид дошт ӯ.
Ҷаноби Раҳмонов афзуд, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи онҳо ба сифати таълим аст, вале мехоҳанд донишомӯзон аз нигоҳи зоҳирӣ низ озода бошанд. “Мехоҳем, Тоҷикистон пешқадам ва зебо бошад. Ин Ватани мост, Тоҷикистони асри 21 аст. Ба ояндаи рӯшану ба маърифату фарҳанги худ бояд зиёд таваҷҷуҳ кунем”,-гуфт раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ.
Абдуҷаббор Раҳмонов афзуд, хабарнигорон аксар вақт камбуди Донишгоҳи омӯзгориро менависанд, агарчӣ, ба гуфтаи ӯ, “пешрафтҳо дар донишгоҳ зиёд шудааст”. “Вақте чорабинии Наврӯз дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гузарондам, ягон хабарнигор иштирок накард. Мо толори таълимӣ, ки дар бисёре аз муассисаҳо нест, дорем, ва ягон кас наомад, то муаррифӣ бикунад. Мо муштарак бо Донишгоҳи Томск китобҳо барои муҳоҷирон таълиф кардем, ягон рӯзноманигор наомад, ки гӯяд хамин китоб ба ҳамдиёрон чӣ арзиш дорад.Оинномаҳо нашр гаштанд, ки одоби муошират, либоспӯшӣ ва аз ҳама муҳимаш мароми омӯзгорро меомӯзад. Ҳеч кас аз ин маром истифода накард, аммо мо кардем”,-як навъ бо гила изҳор дошт ӯ.