Омодагии вакилон барои ҷаласа ва шунидани паёми Раҳмон (АКСУ ВИДЕО)
Субҳи барвақти 23 апрел вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ дар саҳни ҳавлии парлумон ҷамъ омада, сипас, вориди толор гардиданд. Соати 9:30 ҷаласаи ҳафтуми якҷояи ин ду палатаи парлумон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд.
Баъд аз анҷоми ҷаласа, соати 10:00, дар “Кохи Ваҳдат” Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба парлумон ва мардуми кишвар паёмашро ироа кард. Барои шунидани паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз аз вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, инчунин, роҳбарони вазорату идораҳо, аъзои ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар даъват шудаанд.