“Лабханди Худо” ва шеърхонии Абдуҷаббор Раҳмонов (АКСУ ВИДЕО)
Баъд аз зӯҳри 22 апрел дар толори “Ҳафт авранг”-и сафорати Афғонистон китоби тозаи Абдулғафури Орзу, сафири ин кишвар дар Душанбе, муаррифӣ гардид. Ин китоби чаҳоруми оқои Орзу будааст, ки ба хатти кириллӣ ва форсӣ нашр мешавад.
Дар маросими муаррифии “Лабханди Худо” Муъмин Қаноат – шоири шинохтаи тоҷик, Абдуҷаббор Раҳмонов – раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ, Абдунабӣ Сатторзода ва Худоӣ Шарифов – адабиётшиносони тоҷик ва дигарон ҳузур доранд. Абдуҷаббор Раҳмонов ҳангоми суханронии худ дар ин маҳфил аз Абдулғафури Орзу ба ҳайси шоири тавоно ситоиш карда, як шеъри ӯро, ки дар васфи Тоҷикистон навиштааст, хонд.