Пурсиши мо: Тоҷикистон имрӯз ба чӣ ниёз дорад?
Зафар МИРЗОЁН, донишманд:
“Тоҷикистон ба равшанбинони иқтисоддон ниёз дорад. Дуюм ниёз ба олимони донишманд, ки обрӯву эътибори аз пушти худ бурдани мардумро дошта бошанд. Мо ба фикр мезанем, ки чаро мардуми Чин бо қади пасту замини каму ҷамъияти зиёд, тавлидоташ ҷаҳонро гирифтааст? Бе кӯфтан ба дари ҳар бозоре ворид мешавад. Пешравии Чин ба он хотир аст, ки тамоми мардумаш дар тавлидоти хонагӣ машғуланд. Ҳол он ки ин кор дар қадим байни мардуми фарҳангандеши тоҷику эронӣ зиёд буд. Ба гумони ман, як навоварӣ ва тозаандешӣ миёни олимони мо нест. Яке аз роҳҳои мардумро ба эҷодиёт савқ додан, ин ҷустуҷӯи истеъдодҳо мебошад. Бе истеъдод ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Он потенсиале, ки дар мардум вуҷуд дорад, бояд истифода бурд. Дар байни мардуми Хуҷанд истеъдодҳо ҳастанд на ба дараҷаи баланд, вале муносиб, ки метавонанд онҳоро ба кор гиранд. Дар таронасароиву рақс истеъдодҳои зиёд нуҳуфтаанд. Раисҷумҳур ҳам онҳоро дарёфта хурсанд шуданд ба мисли дарёфтани Зебо Аминзода. Ин корро дар дигар соҳаҳо ҳам мешавад кард.”
Иброҳим УСМОНОВ, профессор:
“Пайдо кардани ҷои кор дар Ватан барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қобилияти меҳнатӣ доранд, лозим аст. Ҷои кор ба он маъное, ки онҳо аз паи меҳнати ҳалоли худ он қадаре маош гиранд, ки барои рӯзгузаронии оилаашон расад. Аз ин зиёдтар эҳтиёҷот Тоҷикистон надорад.”
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос:
“Аз ҳама муҳимтар барои Тоҷикистон ин масъалаи ислоҳоти саросарӣ ва дигаршавии модели иқтисодӣ мебошад. Низоми иқтисодии феълии мо дар такя ба пули муҳоҷирон қарор дорад. Ин низоми иқтисодии мо ба чизе пойдор нест ва агар вазъи геополитикӣ вайрон шавад, ба тамоми низоми Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ фароҳам шавад ва аксарияти мардуми Тоҷикистон дар дохил кор кунанд на дар хориҷа ва маошу даромади лозимаро пайдо намоянд. Масъалаи дуюм тақсимшавии шохаҳои қудратист. Чун ин вижагии аслии демократия аст. Яъне шохаи судӣ бояд аз шохаи иҷроия ҷудо бошад. Масъалаи асосии дигар ин фасод аст, ки агар ҳал нашавад, ягон ислоҳот пеш намеравад. Инро таҷрубаи байналмилалӣ нишон медиҳад.”
Абдунабӣ САТТОРЗОДА, донишманд:
“Осонтараш ин аст бигӯем, ки Тоҷикистон эҳтиёҷе надорад нисбат ба он ки бигӯем ба чӣ эҳтиёҷ дорад.”
Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар:
“Имрӯз Тоҷикистон ба ҳама чиз аз ҷумла, кулли арзишҳои як ҷомеаи мутамаддин, низоми мардумсолор, роҳбари мардумӣ, иқтисоди орӣ аз тақаллубу фасод, маорифи ҷадиду муосир ниёз дорад. Агар соддатар ибрози андеша намоем, мо имрӯз ба ҳама унсури нав ва кадрҳои болаёқат бештару пештар зурурат дорем. Гузашта аз ин, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба бозбинии саросарӣ ниёз дошта, вақт аст, бахшҳои иқтисоди бозаргониро дар ҷумҳурӣ амалӣ намоем. Дар ҳама ҷабҳаҳои кору зиндагӣ мутахассисони ҳирфаӣ бояд ҷалб карда шаванд. Маҳалгароӣ, ки тору пуди ҳама соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти моро фаро гирифтааст, аз беху бун решакан карда шавад. Фақат иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи аз ҳама олии роҳбарӣ метавонад гардиши куллиро дар самти ислоҳоти ҷомеа ба вуҷуд биёрад. Дар навбати худ бе баргузории интихоботи озоду демократӣ расидан ба қуллаи умед амрест номумкин.”
Абдураҳмон ХОНОВ, вакили парлумон:
“Мо ба чизҳое ниёз дорем, ки барои ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти мо зарурӣ ҳастанд. Мо ба сатҳи баланди зиндагии иҷтимоӣ ниёз дорем, ки ин тавассути иқтисодиёти тавонманд ба даст меояд. Иқтисодиёти тавонманд ҳам хоси он кишварест, ки дар онҷо суботу амният ва ваҳдати миллӣ ҳаст. Суботу амният ҳам дар он ҷомеае ҳаст, ки дар он таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳам ба он кишварҳое хос аст, ки дар онҷо фарҳангу маънавиёту дониш аст. Аз ин хотир ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти мо аз ҳам вобастаанд. Имрӯз фарҳанги сиёсиву маънавии мардум бояд боло бошад ва ба сатҳи таҳсилоти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дошта бошем, чун онҳо ояндаи миллат ҳастанд.”