Қатъи додани шиносномаҳои биометрӣ ба афроди душаҳрвандӣ
Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон додани шиносномаи биометриро ба сокинони кишвараш, ки дорои ду шаҳрвандӣ ҳастанд, муваққатан қатъ кардааст. Тибқи иттилои расонаҳои туркманӣ, Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар беш аз як ҳафта мешавад, бидуни шарҳ даст ба ин иқдом задааст.
Гуфта мешавад, додани шиносномаҳои биометрӣ ба сокинони дорои душаҳрвандии Туркманистон дар ҳоле қатъ карда шудааст, ки табаияти дуюми аксари онҳоро шаҳрвандии Русия ташкил медиҳад.
Сокинони дорои душаҳрвандии Туркманистон қаблан низ бо ин мушкил рӯбарӯ шуда буданд. Дар он замон, расонаҳои туркманӣ хабар дода буданд, ки шуруъ аз 17-уми июни соли 2013 Хадамоти давлатии муҳоҷирати Туркманистон додани шиносномаи биометрӣ ба нафароне, ки дорои шаҳрвандии Русия ва Туркманистон дар як вақт мебошанд, оғоз мекунад. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони дорои шиносномаи русии Туркманистон, муваззаф буданд, то 10-уми июл тасмим бигиранд, ки шаҳрвандии кадом давлатро интихоб ва кадомеро рад мекунанд. Вале баъдан ин мушкил бартараф шуда, дубора додани шиноснома аз сар гирифта шуда буд.