ВИДЕО: Бозори "Саховат"-и ҳамсари Кабирӣ ба “баланс”-и давлат гузашт
Додгоҳи ноҳияи Турсунзода рӯзи 21 апрели соли ҷорӣ даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ алайҳи соҳибмулкони бозори “Саховат”-и ин ноҳияро, ки аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиянд, қонеъ кард.
Додрас Муҳаббат Пардаева ҳангоми қироати ҳалнома, гуфт, қитъаи замине, ки дар он бозори мутталлиқ ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ ҷойгир мебошад, ба ҳисоби давлат гузаронда шудааст. Вале хонум Пардаева дар мавриди он ки тақдири бозор ва тоҷиронаш чӣ хоҳад шуд, оё вайрон мегардад ва то чанд муддати дигар боқӣ хоҳад монд, ҳарфе нагуфт. Ҳатто ба ин савол, ки дар ин қитъаи замин бар асоси даъвогарон муҷтамаи варзишӣ сохта мешавад, ё не, низ посух надод.
ВИДЕО: Қироати ҳалнома аз сӯи Муҳаббат Пардаева
Гузашта аз ин, ҳангоми қироати ҳалнома дар толори додгоҳи ноҳияи Турсунзода на ҷавобгарон ва на даъвогарон ҳузур надоштаанд. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, ҳарчанд додрас ним соат мунтазир буд, то намояндаи даъвогарон ба додгоҳ ҳозир шавад, вале касе наомадааст.
Парвандаи бозори “Саховат”, ки ба қавли соҳибмулконаш дар он ҷо наздик ба 700 нафар машғули коранд, дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ - бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Солеҳҷон Носиров, намояндаи Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ борҳо барои дар ихтиёри давлат гузарондани бозори “Саховат” пофишорӣ намуда буд. Ӯ гуфт, қаламрави бозори “Саховат” дар ихтиёри ҳукумати ноҳияи Турсунзода набуд ва онҳо ҳақ надоштанд, онро ба касе бидиҳанд ва бинобар ин бояд дубора ба ҳисоби давлат гузаронда шавад.
Яке дигар аз далели онҳо ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаҳои қаблӣ пешниҳод гуфта буд, агар мақомот барои онҳо замин ҷудо кунанд, аз ҳисоби тоҷирони бозор муҷтамаи варзишӣ хоҳанд сохт. Ё ин ки маблағи иҷораи варзишгоҳҳоро пардохт мекунанд. Пешниҳодҳое, ки аз тарафи даъвогарон пайваста рад шудааст.
Масоҳати бозори “Саховат” 1 гектару 77 сотих буда, дар ноҳияи Турсунзода ҷой гирифтааст. Ин бозорро соли 2009 Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, аз соҳибмулки аввалинаш Лутфия Неъматлулоева ба қимати 836 ҳазор сомонӣ харидааст.