Эълони натоиҷи 50%-и овозҳо дар интихобот ва пешсафии доктор Абдуллоҳ
Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи наздик ба 50%-и овозҳои раъйдиҳандагон ҳамоно аз пешсаффии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, доктор Абдуллоҳ бо ба даст овардани 44,4 дарсади оро миёни рақибонаш дар интихоботи президентии Афғонистон пешгом аст.
Аҳмад Юсуф Нуристонӣ, раиси Кумисюни интихоботи Афғонистон, ки зимни як нишасти хабарӣ рӯзи 20 апрел дар ин бора хабар медод, гуфт, ҳарфҳои ӯ натоиҷи 49,67%-и орои раъйидиҳандагон дар интихоботи президентии кишвараш мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Ашраф Ғанӣ бо ба даст овардани 33,2 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дошта, Аҳмад Залмӣ 10, 4 дарсад раъйро соҳиб шудааст. Ин дар ҳолест, ки Кумиссиюни интихоботии Афғонистон қаблан дар пайи эълони натоиҷи аввалия гуфта буд, Абдуллоҳ ҳудуди 42 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, рақибони аслии Абдуллоҳ - Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 37,6 ва Залмай Расул наздики 10 дарсади овозҳоро соҳиб гардидааст.
Ин ниҳоди Афғонистон изҳор доштааст, ки пешбинии натоиҷи интихоботи президентии кишвараш бисёр мушкил мебошад. Ҳарчанд бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ доктор Абдуллоҳ ва Ашраф дар ин интихобот пешсафанд, онҳо гуфтаанд, агар дар марҳаллаи аввал барандаи интихобот дақиқ нашавад, барои рафтан ба марҳаллаи дуюми интихобот омода мебошанд.