Тағйироти кадрии ҲНИТ. Раҳматуллоҳ Наимов ба ҷойи Ойев
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар пайи фишору боздошти бархе аз раҳбарони бахшҳояш, раиси дафтари худ дар ноҳияи Синои пойтахтро иваз кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, Раҳматуллоҳ Наимов раиси дафтари ин ҳизб дар ноҳияи Сино интихоб шудааст. Наимов дар ин симат Сафаралӣ Ойевро иваз кард, ки тайи чанд муддати охир ба ҳайси раиси бахши ноҳияивии ҲНИТ дар Сино фаъолият дошт. Ин тағйироти кадрии ҲНИТ, ки зимни як ҷаласа дар ноҳияи Сино сурат гирифтааст, дар он Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ва Сайидумар Ҳусайнӣ – муовини ӯ ширкат доштаанд. Масъулони ҲНИТ мегӯянд, Ҳабибхон Саидов дубора ба ҳайси раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт интихоб гардидааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.
Дар акс: Раҳматуллоҳ Наимов