Боз як номаи тасаллияти Раҳмон. Ин навбат ба Хуан Мануэл Сантос
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Габриэл Гарсиа Маркес, лауреати мукофоти Нобел номаи тасаллият ирсол кардааст.
Дар мактуби президенти кишвар гуфта мешавад, ки дар асарҳои нависанда ҳақиқат ва тахайюлот хеле пайвастӣ доранд: “Онҳо гузашта, ҳозира ва ояндаро мепайванданд”.
Габриэл Гарсиа Маркес 18 апрел дар сини 87-солагӣ даргузашт. Хуан Мануэл Сантос, президенти Колумбия дар робита ба марги нависандаи маъруф се рӯз мотам эълон кард.
Аз Габриэл Гарсиа Маркес ба унвони нависанда, журналист, ношир ва ходими сиёсӣ ном мебаранд. Ӯ соли 1982 ба дарёфти мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт даст ёфт.
“Тирамоҳи Патриарх”, “Сад соли танҳоӣ”, “Генерал дар лабиринти худ” аз машҳуртарин асарҳои ӯянд.