Валя+Ҳабиб. Дар интизории фарзанди сеюм
Исми шаҳрванди Тоҷикистон, ки нуҳ соли қабл барои издивоҷ бо ноболиғи 11-сола дар Русия моли расонаҳо шуд, дигарбора дар ВАО-и он кишвар “мечархад”.
“Комсомолская правда” навишта, ки Ҳабиб Патахонов дар интизори ба дунё омадани фарзанди сеюмаш аст.
Моҳи майи соли 2005 таваллуд кардани як ноболиғи 11-сола аз мавзӯъҳои доғи Русия буд. Он вақт гуфта шуд, падари фарзанди ин хонандаи мактаб муҳоҷири 19-сола аз Тоҷикистон аст.
Ҳабиб аз узбактаборони Тоҷикистон гуфта мешавад. Он вақт воқеа ин гуна шарҳ дода шуд, ки ӯ дар манзили бибии Валя Исоева иҷоранишин будааст. Баъди расонаӣ шудани ҳодиса Ҳабиб барои робитаи маҳрамона се сол шартан ҳукм гирифт.
Бо қарори додгоҳ Ҳабиб ва Валя ҷудогона зиндагӣ мекарданд, аммо парастории духтарашон Амина бар души ҳардуяшон буд. Ба иттилои манбаъ, Валя исломро қабул карда, се сол қабл расман бо Ҳабиб издивоҷ кардааст. Фарзанди дуюми онҳо Амир ном доштааст, аммо хабарнигори “Комсомолская правда” мегӯяд, онҳо интизори фарзанди сеюманд.
Манбаъ мегӯяд, Валяи 20-сола ҳоло ба ҳайси хазинадори дар як мағоза ва Ҳабиб дар анбори корхонаи мебел фаъолият доранд.