“Спец носи Урра-Урра”, “бисёр дар бадм назан" ва қиссаи "семичкафурӯш"
Ростӣ, намехостам бинависаму бигӯям, аммо агар нагӯяму нашнавед, дилам ба дард меояд, асабам фишурда мешавад. Беҳтараш биёед ва мутаваҷҷеҳ бошед. Аз дидаву мушоҳидаҳои чандрӯзаи хеш аз бозори “Саховат” қисса мекунам.
Ҳар вақте ки “дам” гирифтанӣ шавам, ба назди бозор меравам (аслан ман 24 соат дам мегирам, зеро ҷои кори доимӣ надорам). Хулоса, дар мавзеи наздик ба ин фурӯшгоҳ ҷоеро шартан “Баландӣ” ном гузоштааму аз он ҷо назорату мушоҳидаамро аз амалу рафтору ҳаракату кирдори сокинон идома медиҳам.
Бозори “Саховат” ин ягона бозорест, ки ба ягон қоидаву қонуни санитарӣ посух гуфта наметавонад, бозорест, ки умуман ба талаботи як шаҳри муосир нодаркор. Вақте аз ин бозор як кило гӯшти ҳалолу покиза ҷудо карда мехарию хона меорӣ, дар хона мебинӣ, ки миёни ҳамон як кило гӯшт ҳатман ду устухони аз дақёнус монда ва як пора пӯсти чарм барин сахт пайдо мекунӣ. Ҳайратат боло мегирад, ки ин амалро қассоб бо кадом роҳ дар пеши чашми худат дар тарозу бармекашаду ту бехабар мемонӣ...
Бозори “Саховат” ягона бозорест, ки маводи ғизоиро тоҷирони навбаромад дар роҳрав мефурӯшанд ва як грамм ҳам виҷдонашон онҳоро азоб намедиҳад.
Суханро ба дарозо накашаму ба сари масъалаи асосӣ биёям. Инак, мушоҳидаҳои ман. Аз тарафи рости гузаргоҳи зери заминӣ, занаки ҷулҳундие бо аробаи сайёри тахминан дарозиаш аз як метр бештар роҳи гузаргоҳро банд карда, рӯзи дароз ба фурӯши донаи офтобпараст, ё ба истилоҳ “семичка” машғул аст. Аҷибаш ин аст, ки ин холаи савдогар тақрибан ними семичкаашро худаш мехӯрад ва пӯсти онро ба ҳар куҷое, ки рост омад, пуф кардан мегирад. Ҳар вақт аз пеши ӯ гузаштаам, мушоҳида кардаам, ки даҳонаш беист меҷунбад. Ба назар чунин менамояд, ки ин бону аз касе ва ё чизе сахт ранҷида ва хотираш озурда аст. Овози баланд дораду гӯшхарош, садояш аз бинияш мебарояд. Гоҳ-гоҳ аз марди носфурӯши тарафи чапаш шикоят мекунад. Ин мард бошад, дар болои сараш лавҳаеро овезон кардааст, ки он ҷо чунин нигошта ҳаккокӣ шудааст: “Спец, Нос, Урра, Урра”. Баъзан бо овози хирросӣ “носи Урра Уррада биё бача! Охиронаш мондай!”-гӯён мағал карда, носашро реклама мекунад. Ана ҳамин мардак ба ҷони семичкафурӯш мезанаду ӯ лаб ба шикоят боз мекунад.
Рӯзе аз зинаҳои гузаргоҳ боло шудан мехостам. Банохост назарам ба донаҳои зиёди офтобпарасти атрофи ин зан уфтода, хостам каме дар ин бора ва банд кардани роҳ бо аробааш бо ӯ сӯҳбат намоям. Ҳанӯз ҷумлаи якумро тамом накарда, ба қавле занак алов гирифт. “Э, дар раҳт рост рафтан гир!!! Ман барои иҷа платит кардагийм!!! Чӣ хеле бфорама, ҳами хел кадан мегирм!!! Фаҳмидӣ?! Ман ба ту кор надорм, тра ба ман чӣ кор?” Аз гуфтаам ҳазор бор пушаймон шудаму сар пеши бар ба роҳам идома додам. Аз тарафи рости ҳамин гузаргоҳ дар қатори растаи фурӯши гӯшт духтараки зебое машғули тиҷорати гӯшти қима (фарш) аст. Як назари сатҳӣ ба чеҳраи ӯ кофист, ки тасвирҳои Пикассо ё Леонардо да Винчи пеши назарат ҷилвагар шавад. Аммо ин дилбар бо вуҷуди дилрабо буданаш ниҳоят бадҷаҳлу талхзабон будааст.
Як рӯз шоҳиди бевоситаи ҷанҷоли ӯ бо зане тақрибан 50-55 сола шудам. Маълумам гашт, ки ин ҷо пештар ба зани номбурда тааллуқ доштааст, аммо паричеҳра бо кадом роҳе бозори занакро танг карда, ҷойро аз они худ кардааст. Хулоса “ҷанг”-и ин ду лафзӣ буду иборат аз ҳақоратҳои болохонадору нестандарҷаҳон. Бовар кунед, агар ритсарҳои шарафманд аз сипару шамшеру ҷавшану аспи худ ифтихор кунанд, инон аз истифодаи ҳамоқату ҳарфҳои носазои дар нишонии якдигар гуфта “лаззат” мебурданд. Ҳарчанд кӯшиш кардам натавонистам ин ҷо дашному алфози қабеҳи онҳоро ҷо бидиҳам (...) ва агар метавонистам ҳам бовар дорам, ки нашрия онро чоп намекард... Дар идомаи бигӯ-магӯи эшон дарк кардам, ки духтарак ғалаба мекунад, зеро “бисёр дар бадм назан, бра касера миёрӣ биёр, лубойтата...!!!” гуфта, даст меафшонд. Дар ин “набарди лафзӣ”-чандлаҳзаина занаки бечора мағлуб гашта, оҳиставу бесадо аз гузаргоҳ хориҷ шуд.
Аз тарафи чапи гузаргоҳ дар охири зинаҳо тақрибан дар масоҳати як метр паҳноӣ ва ду метр дарозӣ бонуи дигар саргарми фурӯши бозичаҳои кӯдакона аст. Зимистону тобистон либоси ғафси обношуста ба бар дорад, на гармӣ ба ӯ кора мекунаду на сардӣ (ба мушоҳидаи ман). Ҳадс задан мумкин аст, ки ин зан дӯстдори шавқуну ҳаёҳу ва мағали зиёд мебошад. Агар ин тавр нест, чаро якбора даҳ-дувоздаҳ бозича: аз қабили рӯбоҳу бузича, хирсаку...- ҳоро ба нақоранавозӣ “маҷбур” мекунад. Ин амалашро рӯз то бегоҳ анҷом дода, гузаргоҳи серодаму пурмағалро боз серғавғотар месозад. Шояд роҳат мекунад ва ё истироҳати тафреҳӣ, аммо ман инро намедонам. Холаи тоҷир “холабеғам” аст, кай парвои онро дорад, ки аз ин гузаргоҳ шаҳрвандони гирифтори ҳолатҳои мухталифи рӯҳиву равонӣ, меҳмонони хориҷӣ, туристу чандин нафар мегузарад. Ҳар гоҳ ки каме хаста шавад, ба ҳузур пойҳояшро дароз карда, термоси чойро пешаш мегузорад ва ё косаи таоми қаблан аз хонааш овардаро наздаш мегузораду бо иштиҳои том ба тановул мепардозад...
Марди шаробиеро ҳам дар ин гузаргоҳ зиёд вомехӯрам, ки баъд аз нӯшидани 50-ву 100 грамм алкуҳул (алкогол) дар ин роҳрав доду вой мекунад. Рӯзе, ки ором бошад мефаҳмам, ки касе ӯро “адаб” додааст. Аз чеҳраи гирифта ва лабу лунҷи овезонаш инро пай бурдан мушкил нест. Аммо агар касе садди роҳаш нашуд, ду ангушташро рост карда, ҳар каси аз пешаш омадаро “ҳей, ҳу, а бача!!! иҷа кияй зӯр?.. бо кӣ гап дора? любойтат катӣ гап мезанм” гуфта, ин тарафу он тарафи гузаргоҳро чену андоза мекунад. Дар ин ҳолат барои ӯ фарқ надорад, ки мухотабаш кист, зан, мард, кӯдак ва ё пири барҷомонда. Худо нахоста агар ба чашмаш рост нигоҳ кардӣ, осмонро ба сарат чаппа мекунад (албатта, агар тарсида бошӣ...)
Хулоса, ину дигар “аъмол”-и сокинони пойтахти кишвар, шаҳри гулҳо- Душанберо дида, дуд аз димоғ мебарояд. Ба худ мепечаму чизе гуфта наметавонам. Ҳар рӯзи Худо ҳамин аҳволу ҳамин минвол аст. Агар бовар намекунед, Шумо ҳам биёеду як бор бо ман дар “Баландӣ” бишинед ва аз он ҷо як бор аз гузаргоҳи зеризаминии “Саховат” бигузаред.
Азиз ҚАДАМОВ,
сокини пойтахт