Эълони ҳукми бозори Кабирӣ боз ба таъхир уфтодааст (ВИДЕО)
Масъулони Додгоҳи ноҳияи Турсунзода гуфтаанд, ҳукми бозори “Саховат”, мутааллиқ ба хонаводаи Муҳидидн Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, рӯзи 21 апрел эълон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки қаблан додрас Муҳаббат Пардаева пешниҳоди оқои Кабирӣ дар бораи рӯзи душанбе хондани ҳукми бозорашро напазируфта, гуфта буд, онро 19 апрел эълон мекунад.
Вай афзуда буд, агар Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбе имкони ба додгоҳ омаданро надорад, баъд аз панҷ рӯз метавонад, ҳалномаро дастрас намояд. Ин гуфтугузор 18 апрел, дар рӯзи охирини баррасии қазияи бозори “Саховат”, дар додгоҳи ноҳияи Турсунзода сурат гирифт. Дар ин мурофиа додрас ҳарфҳои охирини намояндаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ки даъвогари асосист, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Муҳиддин Кабириву вакили мудофеи ӯро шунид.
Раиси Ҳизби наҳзатии исломӣ дар ин мурофиа бори дигар се пешниҳоди қаблии худро барои ҳифзи бозор ироа кард, ки якеи он бунёди варзишгоҳ аз ҳисоби онҳо дар сурати ҷудо гардидани замин аз сӯи ҳукумат аст. Аммо Солеҳҷон Носиров, намояндаи Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, барои дар ихтиёри давлат гузарондани бозори “Саховат” пофишорӣ намуд. Ӯ гуфт, қаламрави бозори “Саховат” дар ихтиёри ҳукумати ноҳияи Турсунзода набуд ва онҳо ҳақ надоштанд, онро ба касе бидиҳанд ва бинобар ин бояд дубора ба ҳисоби давлат гузаронда шавад. Носиров аз додраси парванда талаб кард, то даъвои онҳо алайҳи соҳибмулкони феълии бозори “Саховат”-ро қонеъ кунад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи соҳибони кунунии бозори “Саховат”, гуфт, ҳадаф аз ин ҳама гирудорҳо аз ихтиёри нафарони таҳти ҳимояти ӯ гирифтани бозор асту бас. “Як бор мегӯянд, намехоҳанд тоҷирони бозор бекор монанд ва фақат мехоҳанд ба баланси давлат гузаронда шавад. Як вақти дигар иддао доранд, ки дар ин маҳалла варзишгоҳ несту бояд дар ҷои бозор варзишгоҳ созанд. Талаб як чиз аст. Соҳибмулки бозор иваз карда шавад. Инҳо умуман маблағе надоранд, ки варзишгоҳ созанд, фақат як валангореро дар ин ҷо боқӣ мемонанд”,-афзуд ӯ.
Парвандаи бозори “Саховат”, ки ба қавли соҳибмулконаш дар он ҷо ҳудуи 700 нафар машғули коранд, дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ - бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Оҷонсӣ мегӯяд, бозори “Саховат” ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Яке дигар аз далели мақомот ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд.