"Дарбеҳ"-и роҳҳои “дарида”-и Душанбе бо хок (АКС)
Дар арафаи ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бархе аз нуқоти харобгаштаи роҳҳои онро бо хок “асфалтпӯш” ва бозсозӣ мекунанд.
Ҳарчанд дар пайи фасли сармо бархе аз манотиқи роҳҳои пойтахт агар хароб гашта бошанд, вале баъзе манотиқи дигар тавре мушоҳида мешавад, ҳангоми иҷрои тарҳи “Шаҳри бехтар” канда шуда, дубора хуб барқарор нашудаанд. Хабарнигори “Озодагон” чанд аксеро, ки дар ин замина дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гирифтааст, ба Шумо пешкаш мекунад.