АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов
Шоми 18 апрел дар театри миллии драмавии ба номи Чингиз Айтматови Бишкек намоишномаи “Дон Жуан” дар коргардонии Барзу Абдураззоқов намоиш дода шуд.
Хабарнигори “Озодагон” дар Бишкек гуфт, театр аз тамошобин пур буд ва билетҳо барои ин намоишнома пурра фурӯхта шудаанд. “Тамошобин хеле зиёд аст. Тоҷикони муқими Қирғизистон, ки имрӯз барои харидани билет омаданд, пушти дар монданд. Ҳатто барои ду рӯзи оянда ҳам, ки намоишнома такрор мешавад, билет нест",-гуфт хабарнигори мо.
Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам тамошобини ин намоишнома будааст.
Барзу Абдураззоқов охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Охирҳои моҳи феврал дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов таъсис ёфта авохири моҳи сипаришуда Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов ҷоиза дод.
(АКСҲО АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИ СИЁВУШ ҶУНАЙДӢ, ШОИРИ ТОҶИКИ МУҚИМИ БИШКЕК)