Академик Далер Почоҷонов дар Русия ҷоиза гирифт
Далер Почоҷонов, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи “Ситораи муштаракулманофеъ”-и Иттиҳоди давтлатҳои мустақил дар соҳаи илму маориф гардид.
Ин ҷоиза ба академики тоҷик зимни як маросим рӯзи 17 апрел дар шаҳри Маскав супорида шудааст. Дар маросим ҷониби Тоҷикистонро Абдумаҷид Достиев, сафири кишвар дар Русия ва Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи улум намояндагӣ доштанд.
Дар баробари Почоҷонов, ҳамзамон Борис Патон - академики украинӣ, Элдар Умар - рассоми машҳури озарӣ, Бибигул Тулегенова – ҳунарманди қазоқ, Олег Табаков, коргардони машҳури рус низ ин ҷоизаро соҳиб шудаанд.
Ҷоизаи “Ситораи муштаракулманофеъ”-и ИДМ бо ташаббуси Шӯрои вобаста ба умури башардӯстонаи ин иттиҳод соли 2009 ташкил карда шудааст. Ин ҷоиза ҳамасола ба шаҳрвандони варзида аз давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи илму маориф, фарҳанг ва санъат ва фаъолиятҳои башардӯстона пешниҳод карда мешавад.