АКС: Ифтитоҳи Маркази омузишӣ-таҷрибавӣ оид ба идоракунии назорати сироятии бемории сил
Дар Тоҷикистон нахустин Маркази омузишӣ-таҷрибавӣ оид ба идоракунии назорати сироятии бемории сил ба кор оғоз кард.
Ҳадафи ин марказ омӯзиши мутахассисони маҳаллие унвон мешавад, ки бо бемории сил кор мекунанд. Дар ин тренингҳо одатан шеваҳои ҳифзи мутахассисон, бо шумули ҳамшираҳои шафқат, масъулини бахши хоҷагидорӣ ва дигар кормандони санитарӣ аз сироятшавӣ ба чубчамикроби сил омухта мешавад. Давраҳои омӯзишии мутахассисони маҳаллӣ баъд аз зуҳри дирӯз (17 апрел) шурӯъ гардид. Яке аз тренерони ин давраҳо Пол Ҷенсен, раҳбари Маркази назорати бемориҳо (CDC)-и ИМА мегӯяд, “сироятшавӣ ба бемории сил дар муассисаҳои табобатӣ як мушкили аслӣ аст. Назорати сироятшавӣ хеле душвор аст. Аз ин рӯ бояд роҳҳои мухталифи назорати сироятшавиро пайдо кард ва аз паҳншавии он дар муассисаҳои тиббӣ ҷилавгирӣ намуд”. Ҷаноби Ҷенсен чанд дастгоҳи муосиреро ҳам муаррифӣ намуд, ки ба гуфтаи вай "ба коҳиши сироятшавӣ" кӯмак мерасонад.
Маркази омузишӣ-таҷрибавӣ оид ба идоракунии назорати сироятии бемории сил дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина, воқеъ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил – “Шифо” бунёд шудааст. Саидаҳтам Рустамов, сардухтури беморхона ба “Озодагон” гуфт, дар навбати аввал ба давраҳои омӯзишӣ танҳо муттахасисони маҳаллӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. “Дар марҳилаҳои баъдӣ мутахассисони силшинос аз тамоми минтақаҳои кишвар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Дар нақша ҳаст, ки шурӯъ аз соли 2015 ба ин давраҳои омӯзишӣ мутахассисони силшинос аз кишварҳои ҳамсоя ҳам ҷалб карда шавад”, -афзуд номбурда.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни расми ифтитоҳи марказ гуфт, талош ва заҳматҳои раҳбарияти Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷароҳии қафаси сина дар самти роҳандозии назорати сироятӣ ҳамчун василаи беҳтарини пешгирӣ аз паҳншавии бемории сил боис гардид, ки Маркази омузишӣ-таҷрибавӣ оид ба идоракунии назорати сироятии бемории сил дар ин ҷо бунёд гардад.
Роберт Бёрҷес, раҳбари миссияи сафорати Амрико дар Душанбе таъкид дошт, дар Тоҷикистон теъдоди беморони сил ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст ва ҳукумати ИМА бунёди чунин марказҳоро дастгирӣ мекунад, зеро назорати сироятии бемории сил яке аз роҳҳои коҳиши касалии мазкур мебошад: “Ин марказ барои коркард ва роҳандозии шеваҳои муассири мубориза бо сироятшавӣ кӯмак намуда, пойгоҳи хуби омӯзишӣ низ хоҳад шуд”.
Маркази омузишӣ-таҷрибавӣ оид ба идоракунии назорати сироятии бемории сил бо ташаббуси Оҷонси ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Лоиҳаи ҲОУП, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.