Чемпионати Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" бо "Хуҷанд" ва "Далерон-Уротеппа" бо "Истиқлол" бозӣ мекунад
Фардо, 19 апрел чор бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешавад.
"Энергетик" дар майдони сунъии варзишгоҳи ҷумҳриявии Душанбе бо "Парвоз" вориди рақобат мешавад. "Вахш" дар майдони худ бо ССКА "Помир" қувваозмоӣ хоҳад кард. "Регар-ТадАЗ" дар варзишгоҳи "Металлург" бо "Хуҷанд" ба майдон баромада, "Далерон-Уротеппа" бо "Истиқлол" бозӣ мекунад.
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:00.
Хотирасон мекунем, рӯзи гузашта дар чорчуби даври дуюми мусобиқоти футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ "Хайр" бо "Равшан" қувва озмуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи клуби шаҳри Ваҳдат анҷом ёфт.