Персона.Тҷ -- Фейсбуки тоҷикӣ?
Дар Интернет боз як сомонаи нави иҷтимоии тоҷикӣ фаъол шудааст. Persona.tj аз рӯи тарҳ ба Фейсбук бисёр шабоҳат дошта, шиори он “талош барои муттаҳид кардани одамон” мебошад.
Тимур Хоҷаев, яке аз тарроҳони ин шабакаи иҷтимоӣ, мегӯяд, ҳадафи онҳо ба ҳам наздик кардани одамон аст. Дар persona.tj ҳам монанди Фейсбук корбар имкон дорад, ба дигарон дархости дӯстӣ фиристад ва ё ингуна пешниҳодҳоро қабул намояд. Дар ин шабака низ имкони ҷой намудани аксу видео ва сохтани блогҳои алоҳида мавҷуд будааст.
Аз ин пеш ҳам чандин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буданд, ки натавонистанд, теъдоди зиёди корбаронро ҷалб намоянд. Фейсбук, Твиттер ва Одноклассники ҳанӯз аз шабакаҳои иҷтимоиеанд, ки дар Тоҷикистон муштарии зиёд доранд.