Ҳошим Гадо аз шаҳрдорӣ хост, кумисюни вижа ташкил кунад
Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи тоҷик, аз тӯл кашидани таъмири манзилаш, ки бо кумаки шаҳрдории Душанбе анҷом мегирифт, изҳори ташвиш кардааст. Ӯ бо ирсорли номае ба шаҳрдорӣ гуфтааст, барои назорат аз ҷараёни таъмири манзилаш як кумисюн ташкил диҳанд.
“Вақте таъмир шурӯъ шуд, Шумо шахсан бо телефон бо ман сӯҳбат кардед. Ташаккур! Аммо ин таъмир кай ба анҷом мерасад, касе намедонад. Аз ин лиҳоз, аз Шумо мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш менамоям, як кумисюн барои қабули кори баъди таъмир фиристед”,-навиштааст Ҳошим Гадо дар номааш.
Ёдрас мешавем, моҳи январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе дар пайи дарёфти дархости Ҳошим Гадо дар бораи таъмири хонааш ба шаҳрдорӣ дастур дода буд, дархости ин ҳунарманди шинохтаро иҷро кунад. Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ хабар дода буд, раиси шаҳр ба Аъзам Табаров, мудири Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе супориш дод, хатти гармидиҳии манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷикистонро барқарор намуда, дар бозсозӣ ва таъмири манзилаш ба ӯ кумак намоянд.
9 январи соли равон таъмири манзили вай аз тарафи шаҳрдории Душанбе оғоз ёфта буд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои таъмири куллии хонаи ҳунарманд 6 усто машғул хоҳад буд. Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб мебошад.