Бритониёи Кабир мақоми паноҳандагии Аблязовро бекор мекунад
Бритониёи Кабир тасмим гирифта, Мухтор Аблязов, раҳбари собиқи БТА Бонки Қазоқистонро, ки дар дуздии 6 миллиард доллар муттаҳам мешавад, аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум созад,-хабар медиҳад Financial Times.
Аблязов дар соли 2011 мақоми паноҳандаи сиёсиии ин кишварро дарёфт карда буд. Вакилони дифои Мухтор Аблязов изҳор доштаанд, тасмими Бритониё мухолифи меъёрҳои байналмилалиест, ки манфиатҳои паноҳандаҳоро ҳимоя мекунад.
9 январи соли 2014 додгоҳи Фаронса қарор дар бораи истирдоди Аблязов ба Русия ё Украинаро содир кард. 11 феврал бошад, аз болои ин қарор шикоят бурда шуд. Дар ҳоли ҳозир Аблязов дар зиндони шаҳри Люина, воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Экс-ан-Прованс нигоҳдорӣ мешавад.
Мухтор Аблязов аз мухолифи сарсахти Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба шумор меравад.