Ронандаи беҳуҷҷат боиси ҳалокати як нафар гардид
Тақрибан соатҳои 16:15-и баъди зуҳри дирӯз дар шаҳри Турсунзода ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Мухтор Муродови 25-сола зимни ҳаракат дар кӯчаи Ҳамадонӣ ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи тамғаи «ТИКО», таҳти идораи Акмалиддин Солиеви 20 сола бармехӯрад.
Дар натиҷа мусофири сабукрави «ТИКО» Охбой Рузатови 66 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар беморхона фавтидааст. Ба иттилои БДА маълум шудааст, ки ронандаи «Опел» мошинро бидуни ягон ҳуҷҷати ронандагӣ идора мекардааст. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишоти он идома дорад. {jathumbnail off}