Президенти Туркманистон бо сафари расмӣ Тоҷикистон меояд
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Туркманистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мушовараи сиёсии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар Ашхобод баргузор шуд, “бештар масъалаи дидори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт”.
Ҳарчанд замони анҷоми ин сафар дақиқ нест, аммо эҳтимол меравад, он аввалҳои моҳи май сурат бигирад.