(ВИДЕО) Зумрад Амонова: “Хонаву дар надорем. Истгоҳ ҷои хоби мост."
Зумрад Амонова, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, ду моҳ боз бо писараш -- Муҳаммад шаби худро дар кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои пойтахт рӯз мекунад. Амонова рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, додараш баъд аз марги шавҳари ӯ манзилашонро фурӯхта, онҳоро бехонаву дар гузоштааст.
“Ҳамсарам дар нонвойхона кор мекард. Рӯзгори хубе доштем. Моҳи майи соли гузашта ӯро барқ заду вафот кард. Дар хонаи падарам зиндагӣ мекардем ва додарам баъд аз сари шавҳарам хонаро бе иҷозати мо, ки дар қайди он будем, фурӯхт. Ва моро аз дар берун кард”,-афзуд Зумрад Амонова. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло танҳо як фарзанди ҳаштсолааш бо ӯст. Ба қавли ӯ, писари дигараш гӯиё ба хона-интернати “Чорбоғ” супурда шуда буд, ки ахиран ба фарзандхонии нафари дигаре дода шудааст.
Амонова илова кард, то ин муддат дар чанд тарабхона ба ҳайси зарфшӯ кор карда, зимистонро дар хонаи як сокини Душанбе бар ивази пардохти иҷораи ночиз пушти сар гузоштааст. “Бо сабаби талаб кардани иҷорапулии зиёд хонаро тарк карда, тӯли ду моҳ боз дар истгоҳ ва гузаргоҳҳои пойтахт шабро рӯз мекунем”,-мегӯяд ӯ.
Ба қавли Зумрад Амонова, ӯ тамоми аснод, аз ҷумла шиносномаашро гум карда, барои барқарор намудани онҳо ба ягон мақомоти дахлдор муроҷиат низ накардааст. Як гуруҳ аз ҷавонон Амоноваро шаби гузашта дар истгоҳи наздикии кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе дида, рӯзи 17 апрел ба Кумитаи кор бо занан ва оила, ба назди Ҳилолбӣ Ҷумъаевна, муовини аввали раиси ин ниҳод, бурдаанд. Ҳилолбӣ Ҷумъаевна дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, “аз рӯи қонун бояд аввал шахсияти Зумрад Амоноваро муайян кунем. Худи имрӯз ба Идораи пулиси ноҳияи Сино, ки пеш дар он ҷо иқомат дошт, муроҷиат мекунем, то барояш ҷои зисти муваққатӣ пайдо намоянд.”
Зумрад Амонова мегӯяд, дар тӯли ду моҳе, ки ранҷи бехонагӣ мекашид, касе ба додаш нарасида буд ва аз эҳтимол дур медонад, ки акнун ҳам мақомот барояш кумаки чашмрасе кунанд. Вале ӯ аз он ки бархе ҷавонон ба тақдири ӯву Муҳаммади ҳаштсолааш таваҷҷӯҳ карда, акси онҳоро барои расонидани ёрӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, сипосгузорӣ намуд ва гуфт, “ҳанӯз умед дар дилам намурдааст ва фикр мекунам, ҳанӯз меҳри сокинони кишварам нахушкидааст”.