Ҳатмӣ шудани донистани забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ
Донистани забони русӣ барои муҳоҷирони кории муқими Русия ҳатмӣ хоҳад шуд. Хабаргузории “РИА Новости” менависад, Шӯрои Федеролии Русия рӯзи 16 апрел қонунеро ба тасвиб расонидааст, ки бар асоси он муҳоҷирони корӣ аз забони русӣ имтиҳон гирифта мешаванд.
Бар асоси бандҳои қонуни мазкур, муҳоҷирони меҳантӣ ҳангоми муроҷиат ба ниҳодҳои давлатии Русия барои дарёфти иҷозаи истиқомати муваққат, фаъолияти корӣ ё патент, бо ироаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар имтиҳон гирифта мешаванд.
Дар сурати тасвиб шудани ин қонун аз сӯи раисиҷумҳури Русия он аз сентябри соли 2015 мавриди амал қарор хоҳад гирифт. РИА Новости навиштааст, “шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳодатномаи фориғуттаҳсили таълимгоҳи яке аз кишварҳои собиқ Шӯравиро то 1 сентябри соли 1991 соҳиб шудаанд, аз талаботи қонуни мазкур озод мебошанд.
Инчунин манбаъ мегӯяд, мутахассисони баланпоя низ аз супоридани забони русӣ ҳангоми қабул ба кор дар Русия озод ҳастанд.