Вазъи мактабу маориф Шуморо ба ташвиш намеорад?
Бо вуҷуди ифтитоҳи даҳҳо мактаби муосир дар манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам вазъи мактабу маориф чандон хуб арзёбӣ намешавад. Дар зер чанд назари мусоҳибони “Озодагон”-ро нашр карда, мехоҳем, Шумо низ андешаҳои худро дар пайи ин матлаб бинависед.
Меъроҷиддин ҲАКИМОВ, вакили парлумон:
“То ҷое пешравӣ дар ҳама бахшҳои маориф дида мешавад. Чӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ , таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ва чӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ. Тағйирот ҳам дар тамоми ҷабҳаҳои маориф ба назар мерасад. Бо қабул гардидани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ алакай тамоми зинаҳои таҳсилот ба танзим дароварда шудаанд. Вакилони парлумон тасмим гирифтанд, дар оянда кодекси маорифро омода намоянд. Дар фарқ аз 5 соли гузашта маблағгузорӣ дар соҳаи маориф то 15 баробар зиёд гардидааст. Соли 2001 ин рақам 2,6, яъне 220 миллион буд. Ин афзоиши маблағҳо ба беҳтар гардидани таҳсилот таъсири мусбати худро мерасонад.”
Гулафшон СОҚИЕВА, журналист:
“Ҳоло вазъи мактабу маориф дар муқоиса бо 10 соли пеш хеле бадтар шудааст. Замоне дар мактаб таҳсил мекардам, муаллимони мактаб имкон намедоданд, ки дар рӯзномаҳо хатоҳои грамматикиву имлоӣ бошад. Ӯ дар зери рӯзномааш имзо мегузошту волидайнаш ҳам. Имрӯз рӯзномаи наздикони толибилмамро мебинам, падару модараш ва муаллимаш имзо мегузоранду баҳои аъло мемонад, лекин талаба забони русиро намедонад. Забони русӣ “Ӣ” надорад. Вақте мо таҳсил мекардем, моро ҳеч вақт ҳангоми дарс барои иштирок дар ину он чорабинӣ намебурданд, ки моҳҳо аз таҳсил дур монем. Иштирок дар ҳар гуна чорабиниҳо ба сифати таълим таъсири зиёд мерасонад. Имрӯз литсейҳову гимназияҳо зиёд шудаанд, вале сифати таълим беҳтар нашудааст.”
Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Сол аз сол маорифи ҷумҳуриамон рушд мекунад. Бояд рӯирост бигӯям, ки назар ба чор-панҷ сол пеш усул ва методҳои таълим ба тарзи замонавӣ омода карда шудаанд. Вале маро ҳамеша як масъала ба ташвиш меорад. Ин ҳам бошад кадрҳои ботаҷриба аз маориф ба сабаби нафақа дур мешаванд. Ин омилҳо оқибати хуб намеоранд. Ман ҳамеша тарафдори мутахассисони ҷавон ҳастам, вале онҳо, ки таҷрибаи кофӣ надоранд бояд аз шахсони кордида биомӯзанд, сипас ба тарбияи атфол шуруъ намоянд. Фарзандони ман дар макотиби таҳсилоти умумӣ мехонанд. Ягона монеъ ба назари ман ин ҳам бошад тамоми масъулиятро ба зиммаи падару модар гузоштани кулли омӯзгорони макотиб мебошад. Тарбияи фарзанд хеле душвор аст, вале бояд алоқаи зич дошта бошем. Аз камтаҷрибагии бисёри омузгорони ҷавон, надонистани омилҳои педагогӣ ва ғайра дар бисёр мавридҳо тамоми ҷавобгариро бар дӯши волидайн мегузоранд. Мехоҳам, ҳар омӯзгор ва волидайн вазифаи худро донад ва софдилона иҷро намояд.”
Парда ҲАБИБ, корманди рӯзномаи "Адабиёт ва Санъат":
“Ба назари ман, таи чанд соли ахир вазъи мактабу маориф беҳтар мешавад. Зеро ҳозир моҳонаи муаллимони деҳоту шаҳр нисбат ба гузаштаи на чандон дур фарқ мекунад. Муҳимтарин омили пешрафти маориф аз сатҳи маоши омӯзгорон вобаста аст. Ҳар қадар, ки маоши омӯзгорон беҳтар шавад, ҳамон қадар мактабу маориф ҳам беҳтар мешаваду масъулияти омӯзгорон ҳам зиёд мегардад. Бештари мушкилоти дигар ба ҳамин чиз вобаста аст.”
Маҳмудхон ШОЕВ, собиқ сухангӯи вазири маориф:
“Соҳаи маориф дар шароити имрӯза рӯ ба рушд дорад. Маблағгузории рӯзафзуни соҳа шоҳиди он аст, ки мактабу маориф рушд карда истодаанд. Ҳамасола кушодашавии мактабҳои нав бозгӯи ин вазъият аст. Ҳамчунин, афзоиши литсейҳову гимназияҳо нишон аз кӯшишҳои зиёд барои беҳтар намудани шароит барои хонандагон мебошад. Ҳамин ифтитоҳи мактаби шумораи 8 ҳам яке аз ҳамин далелҳост. Иштироки хонандагон дар озмунҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои онҳо, кушодашавии филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ дар кишвар нишонаи он аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби дигар давлатҳо дар соҳаи маориф эътироф шудааст.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)