Мақомот гуфтаанд, Шаҳбол -- сарбози латту кӯбшуда ба ҷарроҳӣ ниёз надорад
Масъулини Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” далели пардохт нашудани ҳазинаи ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик, аз сӯи ин ниҳодро шарҳ додаанд. Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, гуфтааст, ин сарзбози маъюб дигар барои ҷарроҳӣ ниёз надорад ва аз ин рӯ, маблағ низ ба ҳисоби беморхонаи Ибни Сино интиқол дода нашуд.
Расулов дар шарҳи гуфтаҳояш, илова намудааст, “12 мутахассис Шаҳболро муоина карданду ба қавли эшон, ҷойи шикастаи сутунмуҳраи ӯ дубора пайваст шудааст. Дар ягон нуқтаи ҷаҳон ингуна беморро ҷарроҳӣ намекунанд. Дар рӯзҳои наздик мо бо мутахассисони эронӣ машварат карда, ба хулоса хоҳем омад.”
Ин дар ҳолест, ки сарбози тоҷик баъд аз латту кӯб шудан ва шикастани сутунмуҳрааш беш аз 35 рӯз мешавад, ба ҷуз як дасташ аъзои дигари бадан беҳаракат буда, мунтазири ҷарроҳӣ мебошад. Пайвандони Шаҳбол Мирзоев субҳи 16 апрел дар сӯҳбат бо Озодагон гуфтанд, тасмим доранд, ӯро барои ҷарроҳӣ ба Русия баранд.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, гуфт, азбаски ваъдаи Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, сардори Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои пардохти ҳазинаи ҷарроҳии писараш ба ҳақиқат напайваст, онҳо аз хидматрасонии мутахассисони эронӣ сарфи назар кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло онҳо ба мутахассисони русӣ муроҷиат карда, интизори ҷавоб мебошанд: “Мо ҷавоби духтурҳои русро интизорем ва мехоҳем, Шаҳболро барои ҷарроҳӣ, албатта, аз ҳисоби худ ба Маскав барем."
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканаду ҳоло дар беморхонаи Қарияи боло интизори ҷарроҳист. Қаблан мутахассисони эронӣ барои гузарондани ҷарроҳии Мирзоев иброзӣ омодагӣ карда, арзиши ҷарроҳии аввали ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян намудаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)