Президент: “Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам. Дигар нашудаам”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбаташ бо сокинон ва фаъолони шаҳри Ваҳдат гуфт, ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки 22 соли қабл буд ва ба ҳайси раҳбари кишвар дар Иҷлосияи 16-уми Хуҷанд баргузида шуд.
Оқои Раҳмон дар ин сӯҳбат, ки дар пайи сафари корияш ба шаҳри Ваҳдат рӯзи 15 апрел баргузор шуд, афзуд, вақте дар он иҷлосия интихоб гардид, таҷрибаи кофии сиёсӣ надошт ва ин сулҳу ваҳдату оромӣ ва суботи сиёсӣ бо шарофати мардум ба даст омадааст: “қаҳрамон халқи Тоҷикистон аст, шумо қаҳрамон ҳастед”.
Раисиҷумҳур бори дигар таъкид дошт, “то вақте ки ҷон дар бадан ҳаст, барои миллату барои халқу барои давлати азизу маҳбубам содиқона хизмат мекунам”. Ӯ илова кард, “ман ҳастии худро барои ин миллату ин халқу ин ватану ин сарзамин дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ бахшида будам. Ман ҳамон Эмомалӣ ҳастам. Дигар нашудаам”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)