Сафари “тафтишотӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон ва таъкиди дигарбораи ӯ ба шукрона
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15 апрел дар суҳбат бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Ваҳдат бори дигар сокинонро ба шукронаи сулҳу субот ва оромии кишвар даъват карда, онро қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди, ба гуфтаи ӯ, баору номус хонд. Ӯ гуфт, “қарзи фарзандии ҳар як сокини бонангу номуси кишвар дар марҳалаи созандагӣ, пеш аз ҳама ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ва ба ҷо овардани шукронаи ин неъмати бебаҳо мебошад.”
Оқои Раҳмон таъкид кард, маҳз дар натиҷаи сулҳу субот ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳоло сокинон зиндагии осуда ва ба дастовардҳои имрӯза ноил шудаанд: “Таърихи начандон дарози давлатдории миллиамон собит намуд, ки ин неъмати бебаҳо натиҷаи ақлу заковат ва фарҳанги волои сулҳдӯстии мардуми таҳаммулпазири мо мебошад.”
Ӯ, инчунин, иброз дошт, имсол дар баробари таҷлили 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон ва аз солгарди Суруди миллии кишвар ҷашн гирифта мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз афзоиши қонуншиканӣ ва даст задани ҷавонон ба ҷиноятҳои вазнин, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гаравидани баъзеи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои террористӣ нигаронӣ карда, гуфт, танҳо дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ байни ҷавонону наврасони шаҳри Ваҳдат 2,4 баробар афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро барои ҷавонони мамлакат муҳайё карда, ки ҳоло фарзандони кишвар бояд аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунанд: “Ҳуқуқи конситутсионӣ, аз ҷумла барои гирифтани маълумот, касбу ҳунар ва ихтисоси замонавӣ пурра истифода карда, ҳамчун шахсони соҳибистеъдоду болаёқат ва созандагони ояндаи Ватан ба камол расанд.”
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷудо шудани қитъаҳои замин барои оилаҳои камбизоат ва кормандони умури дохилиии ин минтақа дар ояндаи наздик хабар дода, гуфт, “тибқи нақша дар мавзеи нав барои 1200 оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳр, аз ҷумла 150 корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати бунёди манзили зист бо қитъаҳои замин таъмин карда мешаванд.”
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон субҳи 15 апрел ба шаҳри Ваҳдат оғоз гардида, ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, оқои Раҳмон дар ҷараёни сафараш бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ шинос хоҳад шуд. Ин сафари дувуми Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли шаш моҳи ахир ба Ваҳдат мебошад. Ӯ ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта низ ба ин шаҳр омада буд. Раисиҷумҳур низ далели ин сафараш ба Ваҳдатро иҷрои амру супоришоти додаи худ дар сафари қаблияш унвон карда, аз амалан табиқ шудани онҳо аз сӯи масъулин ибрози қаноатмандӣ кард: “Ҳарчанд ки аз сафари пешинаи роҳбари давлат ба шаҳри Ваҳдат муддати чандон зиёд нагузаштааст, аммо имрӯз баръало мушоҳида мегардад, ки сокинони шаҳр ҷиҳати ободонии диёри худ дастҷамъонаву самимона заҳмат кашида, хеле корҳои назаррасро анҷом додаанд.”
Сафари “тафтишотӣ”-и раисиҷумҳури кишвар ба шаҳри Ваҳдат дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта Анвари Вайсиддин, раиси пешини ин шаҳр ба хотири ҷой доштани камбуд дар фаъолияташ аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Раҳмоналӣ Амиров, собиқ раиси шаҳри Исфара таъйин шуд. Анвари Вайсиддин, ки ҳатто раҳбари Оҷонси зидди фасоди кишвар низ вуҷуд доштани камбуди молӣ дар фаоъилияти кории ӯро тасдиқ кард, ҳоло тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин гардидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)