Анҷоми ваколати Эуседа ва қаноатмандии Сироҷиддин Аслов
Ваколати Хосэ Эуседа, раҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар Хосэ Эуседаро рӯзи 14 апрел бино бар анҷом ёфтани ваколаташ ба ҳузур пазируфтааст. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот фаъолият ва ҳамкории ояндаи ин ниҳоди байналмилалӣ бо Тоҷикистонро ба баҳс кашидаанд.
Аслов дар охир гуфтааст, мақомоти тоҷик аз фаъолияти Эуседа ва саҳми ӯ дар таъмини ҳимоя ва кумак ба паноҳандагон дар Тоҷикистон розӣ ва қаноатманд мебошанд.