«Қонуни афв» ба тасвиб расид
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи қонуни афвро қабул карданд.
Қонуни мазкур наздик ба 15 ҳазор маҳбусро фаро мегирад, ки қисме раҳо ва мӯҳлати боқимондаи дигар бо истиснои онҳое, ки ҳабси абад гирифтаанд, коҳиш меёбад. Аз ҷумла ҳудуди 4 ҳазор нафар бо шумули 250 зан аз зиндонҳо озод хоҳанд шуд.
Ёдрас менамоем, тарҳи қонун «Дар бораи афв» ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия шуд ва акнун баъди дар расонаҳои давлатӣ чоп шудани матни он ҳукми қонунӣ мегирад. {jathumbnail off}