Падари Шаҳбол: “Мақомот то ҳол пул надоданд. Худам меҷӯям”
Пайвандони Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик, мегӯянд, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳанӯз маблағи ваъдадодаи худро барои ҷарроҳии ӯ пардохт накардаанд.
Нӯъмон Мирзоев, падари сарбози маъюб, ки беш аз 35 рӯз мешавад, дар беморхона интизори ҷарроҳист, 14 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мақомот то ҳол маблағи зарурӣ барои ҷарроҳии аввалияи Шаҳболро ба ҳисоби беморхона интиқол надодаанд. Ӯ мегӯяд, “шояд Қушунҳои сарҳадӣ ин маблағро доданӣ нест. Аммо то ҳол чизе намегӯянд. Худам пул кофта истодаам, дигар чӣ илоҷ? Писарам фавран ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.”
Ин дар ҳолест, ки Абдусаттор Гулаҳмад, масъули Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ин ниҳод маблағи ҷарроҳии Шаҳболро, ки дар беморхонаи Ибни Синои пойтахт, сурат мегирад, пардохт хоҳад кард.
Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканаду ҳоло тақрибан 36 рӯз мешавад, дар беморхонаи Қарияи боло интизори ҷарроҳист. Мутахассисони эронӣ барои гузарондани ҷарроҳии Мирзоев иброзӣ омодагӣ карда, гуфтаанд, омода аанд, барои табобати сарбоз ба Душанбе оянд. Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, мутахассисони беморхонаи Ибни Сино писари маъюбашро ташхис карда, арзиши ҷарроҳии якуми ӯро 56 ҳазору 467 сомонӣ муайян кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, гуфта буд, дар қазияи зерҳимояи ӯ Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон наметавонад, айбдор набошад ва бояд хазинаи табобаташ аз сӯи ин ниҳод пурра пардохт шавад. Ҷӯраев таъкид дорад, “азбаски Шаҳбол аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми санитарии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, яъне нафаре, ки дар ин ниҳод кор мекунад, латту кӯб шудааст, бояд зарари расидашуда аз сӯи сарраёсат ҷуброн шавад.”
Аз сӯи дигар, Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, изҳор дошт, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст.