Дипломати қазоқ барои пуштибонии номзадаш аз Тоҷикистон ташаккур кард
Агибай Смагулов, сафири Қазоқистон дар Душанбе зимни дидораш бо Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои пуштибонии Тоҷикистон аз номзадии Қазоқистон дар узвияти муваққатии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2017-2018 изҳори ташаккур кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот аслан “вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд”.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Қазоқистон муносибатҳои судманди ду кишварро таҳким мебахшад.