Пешсафии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи Афғонистон
Шумориши даҳ дарсади овозҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон нишон дода, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ пешсаф аст.
Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфтааст, Абдуллоҳ ҳудуди 42 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ба иттилои хабаргузориҳо, рақибони аслии Абдуллоҳ - Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 37,6 ва Залмай Расул наздики 10 дарсади овозҳоро соҳиб гардидааст.
Масъулини Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон гуфтаанд, ин натиҷаи ниҳоӣ нест ва он метавонанд тағйир ёбад. Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд, 8 номзад бо ҳам рақобат карданд.